Бар лаб расид ҷон, ки ба ҷонон фиристамаш

Бар лаб расид ҷон, ки ба ҷонон фиристамаш,
Шуд ҷумла дарди дил, ба дармон фиристамаш.

Тай шуд чу нома умр зи ҳиҷрони ӯ маро,
Ку қосиде, ки номаи ҳиҷрон фиристамаш?

Резам ба ҷайбу домани қосид зи дида ашк,
Гавҳар ба ҷайбу лаъл ба домон фиристамаш.

Ронам қалам ба васфи сари зулфу хатти ӯ,
Дар таййи нома сунбулу райҳон фиристамаш.

Гарчи Ироқу Форс пур аст аз ҷамоли ӯ,
Шарҳи ҷамоли ӯ зи Хуросон фиристамаш.

Ҷомест аз шароби латофат пур ин ғазал,
Туҳфа ба маҷлиси Ҷами даврон фиристамаш.

Дар шеваи ҷамолнамоӣ камол ёфт,
Ойинасон ба Юсуфи Канъон фиристамаш.

Не-не, ки ман чу мӯраму ин назми хушки ман
Пойи малах, чӣ пеши Сулаймон фиристамаш!

Ин бас, ки дар фузунии ҷоҳи ҷамоли ӯ
Ҷомисифат дуои фаровон фиристамаш!