Бар ошиқон фариза бувад ҷустуҷӯйи дӯст

133

Бар ошиқон фариза бувад ҷустуҷӯйи дӯст,
Бар рӯву сар чу сел давон то ба ҷӯйи дӯст!

Худ ӯст ҷумла толибу мо ҳамчу сояҳо,
Ай гуфтугӯйи мо ҳамагӣ гуфтугӯйи дӯст!

Гоҳе ба ҷӯйи дӯст чу оби равон хушем,
Гоҳе чу об ҳабс шудан дар сабӯйи дӯст!

Гаҳ чун ҳавиҷи1 дег биҷӯшему ӯ ба фикр
Кафгир мезанад, ки чунин аст хӯйи дӯст!

Бар гӯши мо ниҳода даҳон ӯ ба дамдама,
То ҷони мо бигирад якбора бӯйи дӯст!

Чун ҷони ҷон вай омад, аз вай гурез нест,
Ман дар ҷаҳон надидам як ҷон адӯйи дӯст!

Бигдозадат зи нозу чу мӯят кунад заъиф,
Надҳӣ ба ҳар ду олам яктой мӯйи дӯст!

Бо дӯст мо нишаста, ки ай дӯст, дӯст ку?!
Ку-ку ҳамезанем зи мастӣ ба кӯйи дӯст!

Тасвирҳои нохушу андешаи ракик
Аз табъи суст бошаду ин нест сӯйи дӯст!

Хомӯш бош, то сифати хеш худ кунад,
Ку ҳоюҳӯйи сарди ту, ку ҳоюҳӯйи дӯст?!


1 Сабзӣ, зарҷома.