Бар ту хонам зи дафтари ахлоқ

17

Бар ту хонам зи дафтари ахлоқ
Ояте дар вафову дар бахшиш:

Ҳар кӣ бихрошадат ҷигар ба ҷафо,
Ҳамчу кони карим зар бахшаш.

Кам мабош аз дарахти сояфиган,
Ҳар кӣ сангат занад, самар бахшаш.

Аз садаф ёд дор нуктаи ҳилм,
Ҳар кӣ буррад сарат, гуҳар бахшаш!