Басе сӯзанд аз он шамъи дилафрӯзе, ки ман дорам

Басе сӯзанд аз он шамъи дилафрӯзе, ки ман дорам,
Вале таъсири дигар дорад ин сӯзе, ки ман дорам.

Магӯ рӯзи туро шаб созам аз бемеҳрӣ, ай гардун,
Ки бе он маҳ зи шаб кам нест ин рӯзе, ки ман дорам.

Чӣ ранҷонад табибам, чун бувад сад захмро марҳам,
Зи ту дар сина ҳар пайкони дилдӯзе, ки ман дорам.

Чӣ ғам дорам зи торикии шабҳо, дар даруни ҷон
Бад-ин сон офтоби оламафрӯзе, ки ман дорам.

Шудам фирӯз бар васлат ба рағми чархи фирӯза,
Кӣ дорад дар ҷаҳон ин бахти фирӯзе, ки ман дорам?

Ману ғамҳои рӯзафзун, туву дар шодиву ишрат,
Намеояд аз ин ҷони ғамандӯзе, ки ман дорам.

Шуд имшаб хоби ваҳшӣ роми ман, афғон макун, Ҷомӣ,
Мабодо рам кунад мурғи навомӯзе, ки ман дорам.