Бахт аз даҳони дӯст нишонам намедиҳад

229

Бахт аз даҳони дӯст нишонам намедиҳад,
Давлат хабар зи рози ниҳонам намедиҳад.

Аз баҳри бӯсае зи лабаш ҷон ҳамедиҳам,
Инам ҳамеситонаду онам намедиҳад.

Мурдам зи иштиёқу дар ин парда роҳ нест,
Ё ҳасту пардадор нишонам намедиҳад.

Зулфаш кашид боди сабо, чархи сифла бин,
К-он ҷо маҷол боди вазонам намедиҳад.

Чандон ки бар канор чу паргор меравам,
Даврон чун нуқта раҳ ба миёнам намедиҳад.

Шаккар ба сабр даст диҳад оқибат, вале
Бадаҳдии замона амонам намедиҳад.

Гуфтам: «Равам ба хобу бибинам ҷамоли дӯст»,
Ҳофиз зи оҳу нола амонам намедиҳад.