Бахт ин кунад, ки рои ту бо мо яке шавад

271

Бахт ин кунад, ки рои ту бо мо яке шавад,
То бишнавад ҳасуду бар ӯ новаке шавад.

Хунам бирезу бар сари хокам гузор кун,
К-ин ранҷу сахтиям ҳама пеш андаке шавад.

Онро мусаллам аст тамошои навбаҳор,
К-аз ишқи бӯстон гулу хораш яке шавад.

Эй муфлис, он чи дар сари туст аз хаёли ганҷ,
Поят зарурат аст, ки дар маҳлаке1 шавад.

Саъдӣ дар ин каманд ба девонагӣ фитод,
Гар дигараш халос бувад, зираке шавад.


1 Ҷои ҳалок.