Баъд аз ин дасти ману домани он сарви баланд

181

Баъд аз ин дасти ману домани он сарви баланд,
Ки ба болои чамон аз буну бехам барканд.

Ҳоҷати мутрибу май нест, ту бурқаъ бигушо,
Ки ба рақс оварадам оташи рӯят чу сипанд.

Ҳеч рӯе нашавад ойинаи ҳаҷлаи бахт,
Магар он рӯй, ки моланд дар он сумми саманд.

Гуфтам: Асрори ғамат ҳар чӣ бувад, гӯ: Мебош!
Сабр аз ин беш надорам, чӣ кунам, то каю чанд?

Макуш он оҳуи мушкини маро, эй сайёд,
Шарм аз он чашми сияҳ дору мабандаш ба каманд.

Мани хокӣ, ки аз ин дар натавонам бархост,
Аз куҷо бӯса занам бар лаби он қасри баланд.

Боз мастон дил аз он гесуи мушкин, Ҳофиз,
З-он ки девона ҳамон беҳ, ки бувад андар банд.