БАҲОРИ ХУРРАМ

1. Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб1,
Бо сад ҳазор нузҳату2 оройиши3 аҷиб4.

2. Шояд,5 ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ6 бадил7 ёфт шабоб8 аз пайи машиб9.

3. Чархи10 бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш — абри тираву боди сабо11 — нақиб12.

4. Наффот13 — барқи равшану тундар-ш14 таблзан15,
Дидам ҳазор хайлу16 надидам чунин маҳиб17.

5. Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор18
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб19.

6. Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чунон ҳисорие,20 ки гузар дорад аз рақиб21.

7. Якчанд22 рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман,23 бодро табиб.

8. Борони мушкбӯй биборид нав ба нав
В-аз барф баркашид24 яке ҳуллаи25 қашиб26.

9. Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб27.

10. Тундар28 миёни дашт ҳаме бод бардамад29,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб30.

11. Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳинно31 шуда хазиб32.

12. Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор33 аз дарахти сарв шуда мар варо муҷиб34.

13. Сулсул35 ба сарвбун36 — ба бо нағмаи куҳан,
Булбул ба шохи гул — бар бо лаҳнаки37 ғариб38.

14. Акнун хӯред бодаву акнун зиед шод,
К-акнун барад насиб39 ҳабиб40 аз бари ҳабиб.

15. Соқӣ41 гузину42 сабзаву май хӯр ба бонги зер43,
К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалеб.

16. Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа44 хубтар, он меҳтари45 ҳасиб46.

ВАЗН: музореъи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф (мафъӯлу фоилоту мафоӣлу фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: тиб, аҷиб, машиб, нақиб…

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Тиб: бӯйи хуш, хушбӯйӣ.

2. Нузҳат: покӣ, тароват, некуӣ.

3. Ороиш: зебу зинат.

4. Аҷиб: шигифтангез, ҳайратовар.

5. Шояд: шоиста аст.

6. Гетӣ: ҷаҳон.

7. Бадил: бадал, иваз, бадил ёфтан: иваз шудан.

8. Шабоб: ҷавонӣ, истиора аз баҳор.

9. Машиб: пирӣ, истиора аз зимистон.

10. Чарх: осмон, сипеҳр, фалак.

11. Боди сабо: бодест, ки субҳ дар вақти тулӯи офтоб аз машриқ мевазад, боди латиф асту насими хуш дорад ва гулҳо аз он мешукуфанд, аммо дар ин байт манзур боди муқаррарӣ аст.

12. Нақиб: пешоҳанг, раис.

13. Наффот: нафтандоз, касе, ки ҳангоми ҷанг зарфҳои махсуси нафтдорро оташ зада, ба тарафи душман меандозад.

14. Тундар: раъд.

15. Таблзан: нақорачӣ, дуҳулкӯб.

16. Хайл: гурӯҳ, даста ва лашкару сипоҳ.

17. Маҳиб: тарснок, ваҳмангез.

18. Сӯгвор: азодор, мусибатзада.

19. Кайиб: андӯҳгин, дилшикаста.

20. Ҳисорӣ: зиндонӣ, муҳосирашуда.

21. Рақиб: нигаҳбон, посбон.

22. Ячанд: мудате, замоне.

23. Саман: ёсаман, гули себаргаи сафеди хушбӯй.

24. Баркашид: аз масдари «баркашидан», берун овардан, сабзондан.

25. Ҳулла: порчаи абрешим, либос, ҷомаи нав ҳуллаи қашиб мурод баргу гулҳои тозаи дарахтон.

26. Қашиб: тоза, нав.

27. Ратиб: тар, мартуб, намнок.

28. Тундар: раъд.

29. Бод бардамид: бонг зад, пуф кард, бодро ба ҳаракат овард.

30. Қазиб: тозиёна.

31. Ҳино: гиёҳест, ки онро кӯфта ба дасту пой ва сар мебанданд ва он ба пӯсту мӯй ранги сурхи баланд медиҳад.

32. Ҳазиб: рангин.

33. Сор: парандаи хушовози сиёҳранг, ки холҳои сафед дорад, сорак.

34. Муҷиб: иҷобаткунанда, ҷавобгӯй.

35. Сулсул: фохта, кабӯтар.

36. Бун: поён, реша, поя.

37. Лаҳнак: овози хуш.

38. Ғариб: тоза, нав, нодир.

39. Насиб: насиба, баҳра, ҳақ.

40. Ҳабиб: ёр, дӯст, ошиқ ва ҳамчунин маъшуқа.

41. Соқӣ: шаробдиҳанда.

42. Гузин: интихоб кун, аз масдари «гузидан».

43. Бонги зер: овоз (парда)-и паст ва нозуки мусиқӣ.

44. Хоҷа: соҳиб, сарвар, вазир.

45. Меҳтар: бузургвор.

46. Ҳасиб: дорои ҳасб, вологавҳар.

Маънии байти 1: Фасли баҳори дилафрӯзу хуррам бо ҳазор рангу бӯйи хуш ва бо сад ҳазор покию зебу зинати шигифтангез ба диёри мо омад.

Маънии байти 2: Шоиста аст, ки дар ин айём (яъне, баҳор) инсони пир ҷавон шавад, зеро дунё баъд аз сардию пирии зимистон ҷавон ва сарсабзу хуррам гаштааст.

Маънии байти 3: Осмон чун шоҳи бузурги муқтадир лашкар орост. Ин лашкар абри сиёҳ асту боди сабо сарҳангу роҳбари он мебошад.

Маънии байти 4: Барқ нафтандози ин лашкар асту тундар таблзани он, ман лашкариёни зиёде дидаам, вале лашкаре чунин ваҳмангезро надидаам.

Маънии байти 5: Ин абрро бингар, ки чун марди мотамдор мегиряду он раъдро нигар, ки чун ошиқи аз маъшуқ дурмондаи ғамгин нола мекунад.

Маънии байти 6: Офтоб гоҳ-гоҳ аз паси абрҳо намоён мешавад, монанди зиндоние, ки ҳангоми фирор аз чашми посбон гоҳе пинҳон мешавад, гоҳе аён.

Маънии байти 7: Муддате ҷаҳон дардманд буд (манзур вақти зимистон), вале табиби ҷаҳон, яъне, табиат бо бӯйи гули ёсаман ӯро дармон кард, яъне, бо омадани баҳор ҷаҳони пиру бемор ҷавону зебо ва тандуруст гашт.

Маънии байти 8: Борони хушбӯйи найсон тоза ба тоза борид ва бо боридани борони мушкбӯй аз зери барф гулу себаргаҳо бо либоси наву рангоранг берун ҷаҳиданд.

Маънии байти 9: Ҳар кунҷу канори замин, ки барфпӯш буд, аз гармии офтоби баҳорӣ барфҳо об шуда, гулҳо рӯиданду ба ҳар ҷӯйи хушк об омад.

Маънии байти 10: Тундар дар дашт бонг мезанад ва садои баланд сар медиҳад ва барқ аз миёни абрҳо тозиёна мекашад (барқ ба тозиёна ташбеҳшудааст).

Маънии байти 11: Гули лола дар миёни киштзор монанди дасти ҳинобастаи арӯс медурахшад.

Маънии байти 12: Булбул аз шохаи дарахти бед суруд мехонад ва сорак азшохи дарахти сарв ба суруди ӯ бо суруд ҷавоб медиҳад.

Маънии байти 13: Кабӯтар аз зери дарахти сарв бо суруди қадим ва булбул азшохи гул бо оҳанги аҷиб нағмасароӣ доранд.

Маънии байти 14: Ҳоло, ки фасли баҳор омадааст, шароб бинӯшеду шодона зиндагӣ кунед ва фурсати хуб аст, ки дӯстон аз дидор ҳам баҳраманд шаванд.

Маънии байти 15: Шаробдиҳандае ва ҷойи сарсабзе барои боданӯшӣ дар домани саҳро интихоб куну бода нӯш, ки аз киштзор садои сорак ояду аз боғ суруди булбул.

Маънии байти 16: Ҳарчанд ба чашми ман ҷаҳон дар айёми навбаҳор хубу зебо менамояд, аммо дидори хоҷаи бузурги вологуҳар хубтар аст.