Баҳор омад, баҳор омад, салом овард мастонро

16

Баҳор омад, баҳор омад, салом овард мастонро,
Аз он пайғамбари хубон паём овард мастонро.

Забони савсан аз соқӣ кароматҳои мастон гуфт,
Шунид он сарв аз савсан, қиём овард мастонро.

Заволи боғ дар маҷлис нисор овард он гаҳ нуқл,
Чу дид аз лолаи кӯҳӣ, ки ҷом овард мастонро.

Зи гиря абри найсонӣ дами сарди зимистонӣ
Чи ҳилат кард, к-аз парда ба дом овард мастонро?!

Сақоҳум Раббиҳум хӯрданду ному нанг гум карданд,
Чу омад номаи соқӣ, чӣ ном овард мастонро?!

Даруни миҷмари дилҳо сипанду уд месӯзад,
Ки сармои фироқи ӯ зи ном овард мастонро!

Даро дар гулшани боқӣ,баро бар бом, к-он соқӣ
Зи пинҳонхонаи ғайбӣ паём овард мастонро.

Чу хубон ҳулла пӯшиданд, даро дар боғу пас бингар,
Ки соқӣ ҳар чи дарбояд, тамом овард мастонро.

Ки ҷонҳоро баҳор оварду моро рӯйи ёр овард,
Бибин, к-аз ҷумла давлатҳо кадом овард мастонро!

Зи Шамсуддини Табрезӣ баногаҳ соқии давлат
Ба ҷоми хоси султонӣ мудом овард мастонро.