Ба бустон мегузар в-аз чеҳра гулҳоро хиҷил мекун

Ба бустон мегузар в-аз чеҳра гулҳоро хиҷил мекун,
Ҳамезан ханда в-аз лаб ғунчаҳоро мунфаил мекун.

Биҳил кардан чӣ хоҳӣ, чун кушӣ моро, касе бар ту
Надорад ҳукм, ҳам худ мекушу ҳам худ биҳил мекун.

Нашояд манзили ту з-обу гил, гоҳе, ки меоӣ,
Гузар бар дида, раҳ бар сина, ҷо дар ҷону дил мекун.

Миҷозат мунҳариф1 мебинам, ай хилватнишин, гоҳе
Ба кӯйи некувон касби ҳавои муътадил мекун.

Лабамро бо лаби ӯ муттасил2 кардӣ, хаёл, ай дил,
Чӣ ҷонафзо хаёле кардӣ, инро муттасил мекун!

Нишони по-ш то монад пайи бӯсидан, ай дида,
Ба ҳар роҳе, ки он маҳ меравад, аз гиря гил мекун.

Дилат з-он бут пур, ай Ҷомӣ, ба Каъба рӯ чӣ меорӣ?
Бад-ин дил рӯй дар бутхонаи Чину Чигил мекун!


1 Мунҳариф – аз ҳолати эътидол баромада.
2 Муттасил – пайваст.