Ба вақти гул чу бе ту орзуи гулшанам гирад

Ба вақти гул чу бе ту орзуи гулшанам гирад,
Нарафта як қадам, хоре зи ҳар сӯ доманам гирад.

Чунон пуршуъла гардад з-оташи дил хонаам шабҳо,
Ки ҳамсоя агар хоҳад, чароғ аз равзанам гирад.

Ба дил тирам мазан, ман ношуда дар ашки худ ғарқа,
Зи чоки дил мабодо шуъла дар пероҳанам гирад.

Ба сӯйи ман раҳи омадшуди ёрон шавад баста,
Зи бас, к-аз гиря ҳар шаб об гирди масканам гирад.

Зи оби чашму дуди дил зи дидори ту маҳрумам,
Ки гоҳ ин, гоҳ он пеши ду чашми равшанам гирад.

Инонам бистуд аз каф ишқи тавсан, зӯрманде ку,
Ки бинад заъфу аҷзи ман, инони тавсанам гирад?!

Напиндорӣ зи бедардист кам нолидани Ҷомӣ,
Ки ашк андар гулӯ роҳи фиғону шеванам гирад.