Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебош

274

Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебош,
Ба бӯйи гул нафасе ҳамдами сабо мебош.

Нагӯямат, ки ҳамасола майпарастӣ кун,
Се моҳ май хуру нуҳ моҳ порсо мебош.

Чу пири солики ишқат ба май ҳавола кунад,
Бинӯшу мунтазири раҳмати Худо мебош.

Гарат ҳавост, ки чун Ҷам ба сирри ғайб расӣ,
Биёву ҳамдами ҷоми ҷаҳоннамо мебош.

Чу ғунча гарчи фурӯбастагист кори ҷаҳон,
Ту ҳамчу боди баҳорӣ гиреҳгушо мебош.

Вафо маҷӯй зи кас, в-ар сухан намешунавӣ,
Ба ҳарза толиби Симурғу кимиё мебош.

Муриди таоти бегонагон машав, Ҳофиз,
Вале муошири риндони порсо мебош.