Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст

50

Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст,
Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст.

Гарат зи даст барояд муроди хотири мо,
Ба даст бош, ки хайре ба ҷойи хештан аст.

Ба ҷонат, эй бути шириндаҳан, ки ҳамчун шамъ
Шабони тира муродам фанои хештаи аст.

Чу ройи ишқ задӣ, бо ту гуфтам, эй булбул,
Макун, ки он гули хандон барои хештан аст.

Ба мушки Чину Чигил нест бӯи гул муҳтоҷ,
Ки нофаҳош зи банди қабои хештан аст.

Марав ба хонаи арбоби бемурувати даҳр,
Ки ганҷи офиятат дар сарои хештан аст.

Бисӯхт Ҳофизу дар шарти ишқу ҷонбозӣ
Ҳанӯз бар сари аҳду вафои хештан аст.