Ба маҳи ман кӣ расонад, ки мани дилшуда ҳар шаб

Ба маҳи ман кӣ расонад, ки мани дилшуда ҳар шаб
Зи ғами ҳаҷр расонам ба фалак наъраи «ё Раб».

Натавон бӯса зад он лаб, кунам аммо ҳаваси он,
Ки бибӯсам лаби ҷоме, ки расад гоҳ бар он лаб.

Сари ман гарчи нашояд, ки ба фитрок бибандӣ,
Чӣ шавад гар бигузорӣ, ки ниҳам бар суми маркаб.

Чу маро мазҳабу миллат ҳама шуд дар сару корат,
Чӣ занам лоф зи миллат, чӣ кунам даъвии мазҳаб?

Сухани зулми ту гуфтан бари султон кӣ тавонад,
Ки дар он ҳазрати олӣ чу ту кас нест муқарраб?

На агар дошт муаллим ҳаваси куштани халқе,
Ба ту ин нозу карашма зи чӣ омӯхт ба мактаб?

Нашавад меҳри ту аз дил ба ҷафоҳои паёпай
Наравад сӯзи ту аз ҷон ба дуоҳои муҷарраб1.

Таби ҳиҷрони ту, ё Раб, чӣ ҷигарсӯз табе буд,
Ки табиб ар ту набошӣ, набарад ҷон кас аз ин таб.

Ба шароб ар нафурӯшам сару дастор чу Ҷомӣ,
Накунам дар сафи риндон пас аз ин даъвии машраб.


1 Муҷарраб – таъсирнок, иҷобатшаванда.