Ба оби равшани май орифе таҳорат кард

132

Ба оби равшани май орифе таҳорат кард,
Алассабоҳ, ки майхонаро зиёрат кард.

Ҳамин ки сағари заррини хур ниҳон гардид,
Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.

Хушо намозу ниёзи касе, ки аз сари дард
Ба оби дидаву хуни ҷигар таҳорат кард.

Имомхоҷа, ки будаш сари намози дароз,
Ба хуни духтари раз хирқаро қисорат кард.

Дилам зи ҳалқаи зулфаш ба ҷон харид ошӯб,
Чӣ суд дид, надонам, ки ин тиҷорат кард.

Агар имоми ҷамоат талаб кунад имрӯз,
Хабар диҳед, ки Ҳофиз ба май таҳорат кард.