Ба роҳи тавсанаш сад нозанинро хок мебинам

Ба роҳи тавсанаш1 сад нозанинро хок мебинам,
Сари чандин азизаш баста бар фитрок мебинам.

Ба теғи ғамза хоҳад рехт хуни сад мусулмонро
Чунин, к-он турки кофиркешро бебок мебинам.

Ҳамерӯбам ба мижгон, то нагардад пояш озурда,
Ба хоки роҳи ӯ ҳар ҷо хасу хошок мебинам.

Зи шавқи накҳати пероҳанаш ҳар субҳ дар гулшан
Либоси ғунча пора, ҷомаи гул чок мебинам.

Надорат чустие он шӯх дар дилҷӯии ёрон,
Вале дар куштани ҳар бедилаш чолок мебинам.

Маро ҳоли дили овораи худ ёд меояд,
Зи дарди ошиқӣ ҳар ҷо диле ғамнок мебинам.

Чӣ шуд бечора Ҷомиро дар ин шабҳои ғам, ё Раб,
Ки номи ӯ зи лавҳи зиндагонӣ пок мебинам.


1 Тавсан – асп.