Ба рухат гул-гул, ки таъсири шароб андохта

Ба рухат гул-гул, ки таъсири шароб андохта,
Ҳаст барге чанд гул, бар рӯйи об андохта.

Карда маҳд аз лолаву гул наргиси раънои ту,
Зери мушкин соябон худро ба хоб андохта.

Нест он ғунча фарози шох дар бустон, ки гул
Бар рух аз шарми ту зангорӣ ниқоб андохта.

Гесу андар по кашон дар дил хаёлат карда ҷой,
Шаҳрёре соя бар шаҳри хароб андохта.

Аз лабат дар базми мастон чун гузашта нуктае,
Оташе дар ҷому шӯре дар кабоб андохта.

Орзуманди рухат чун дида дар хур ташна аст,
Бар умеди об худро дар сароб андохта.

Омада дар чашми Ҷомӣ милҳои оташин,
Пеши рӯят гар назар бар офтоб андохта.