Ба рӯзи васл паёпай намоӣ дидорам

Ба рӯзи васл паёпай намоӣ дидорам,
Ки то захираи айёми ҳаҷр бардорам.

Агар назораи рӯйи туам шавад рӯзӣ,
Ҳазор шаб ба хаёли рухат ба рӯз орам.

Ҳазор қатраи хун дар дилам гираҳ шудааст,
Биё, ки рӯйи туро бинаму фурӯ борам.

Чу иқди растаи дандон ба ханда бикшоӣ,
Сазад, ки силки гуҳарро ба ҳеҷ нашморам.

Бар осмон маҳу ҳур, бар замин гулу лола
Нигоҳ мекунаму рӯйи туст пиндорам.

Магӯ, ки чанд диҳӣ дарди сар маро, Ҷомӣ,
Худойро, ки бикун як карашма дар корам,

Ки то гаронии тан з-остони ту бибарам,
Матои ҷон ба сагони дари ту биспорам.