Ба сурат одамӣ шуд қатраи об

Ба сурат одамӣ шуд қатраи об,
Ки чил рӯзаш қарор андар раҳим монд.
В-агар чилсоларо ақлу адаб нест,
Ба таҳқиқаш нашояд одамй хонд.