Ба тарки ошиқӣ, ай пандгӯ, мадеҳ пандам

Ба тарки ошиқӣ, ай пандгӯ, мадеҳ пандам,
Диле, ки бигсилам аз ишқ, бо чӣ пайвандам?!

Зи умри рафта маро нест ҳасрате чандон,
Ҷуз он ки умр на дар ишқ рафт якчандам.

Ба таън номи саге мениҳад рақибам доғ,
Хушам ба доғи саге, чун туӣ Худовандам.

Ту теғ дар кафу ман зери теғи ту аз завқ
Чу захми ғарқа ба хун лабкушода механдам.

Маро ҳамеша дуо аз бало сипар мебуд,
Чу тири ғамзаат омад, сипар бияфкандам.

Чу дам зи шеър занам айби ман макун, Ҷомӣ,
Ки шеъри хуш ҳунару ман ба он ҳунармандам.

Зи таъни зодаи табъам забони нутқ бибанд,
Ки таъни ӯ, ба масал, ҳаст таъни фарзандам.