Ба ту машғулу бо ту ҳамроҳам

430

Ба ту машғулу бо ту ҳамроҳам,
В-аз ту бахшоиши ту мехоҳам.

Ҳама бегонагон чунин донанд,
Ки манат ошнои даргоҳам.

Тарсам, эй меваи дарахти баланд,
Ки наёӣ ба дасти кӯтоҳам.

То маро аз ту огаҳӣ доданд,
Ба вуҷудат, гар аз худ огоҳам.

Ҳама дар хурди рою қимати хеш
Аз ту хоҳанду ман туро хоҳам.

Булбули бӯстони ҳусни туам,
Чун наяфтад сухан дар афвоҳам?

Мекушандам, ки тарки ишқ бигӯ,
Мезанандам, ки байдақи шоҳам.

В-ар ба сад пораам кунӣ, з-ин ранг
Бинагардам, ки сибғатуллоҳам.

Саъдиё, дар қафои дӯст марав,
Чӣ кунам? Мебарад ба икроҳам.

Майл аз ин ҷониб ихтиёрӣ нест,
Каҳраборо1 бигӯ, ки ман коҳам.


1 Шилме, ки аз дарахтон берун ояд ва агар ба порчае пашмӣ молида шавад, хосияти ҷазб кардан пайдо мекунад.