Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам

343

Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам
Нахонд бар гули рӯят, чӣ ҷои булбули боғ?

Таро фароғати мо гар бувад, в-агар набувад,
Маро ба рӯи ту, аз ҳар кӣ олам аст, фароғ.

Зи дарди ишқи ту уммеди растгорӣ нест,
Гурехтан натавонанд бандагони бадоғ.

Туро ки ин ҳама булбул навои ишқ зананд,
Чӣ илтифот бувад бар адои мункари1 зоғ?

Далели рӯи ту ҳам рӯи туст Саъдиро,
Чароғро натавон дид ҷуз ба нури чароғ.


1 Овози зишту нописанд.