Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур

302

Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур,
Қул, ҳуваллоҳу аҳад1, чашми бад аз рӯи ту дур!

Одамӣ чун ту дар офоқ нишон натвон дод,
Балки дар ҷаннати фирдавс набошад чу ту ҳур.

Ҳур фардо, ки чунин рӯи биҳиштӣ бинад,
Гараш инсоф бувад, муътариф2 ояд ба қусур3.

Шаби мо рӯз набошад, магар он гоҳ, ки ту
Аз шабистон бадар оӣ чу сабоҳ аз дайҷур4.

Зиндагонро на аҷаб, гар ба ту майле бошад,
Мурдагон бознишинанд ба ишқат зи қубур5.

Он баҳоим натавон гуфт, ки ҷоне дорад,
Ки надорад назаре бо чу ту зебоманзур.

Сеҳри чашмони ту ботил накунад чашмовез,
Маст чандон ки бикӯшанд, набошад мастур.

Ин ҳаловат, ки ту дорӣ, на аҷаб, к-аз дастат
Асалӣ6 дӯзаду зуннор бибандад занбур.

Ончи дар ғайбатат, эй дӯст, ба ман мегузарад,
Натавонам, ки ҳикоят кунам, илло ба ҳузур.

Манам имрӯзу ту ангуштнамои зану мард,
Ман ба ширинсуханӣ, ту ба накӯӣ машҳур.

Сахтам ояд, ки ба ҳар дида туро менигаранд,
Саъдиё, ғайратат омад, на аҷаб Саъди7 ғаюр.


1 Ба манзури дур будан аз чашмзахм мегӯянд.
2 Эътирофкунанда.
3 Кӯтоҳӣ.
4 Шаби торик.
5 Гӯрҳо, қабрҳо.
6 Порчаи зарде, ки аҳли зимма (махсусан яҳудиён) барои имтиёз бар ҷома медӯхтанд.
7 Саъди Зангӣ, ки Саъдӣ мансуб ба ӯст.