Ба хоки пои азизат, ки аҳд нашкастам

365

Ба хоки пои азизат, ки аҳд нашкастам,
Зи ман буридию бо ҳеч кас напайвастам.

Куҷо равам, ки бимирам бар остони умед?
Агар ба домани васлат намерасад дастам.

Шигифт мондаам аз бомдоди рӯзи видоъ,
Ки барнахост қиёмат, чу бе ту биншастам.

Балои ишқи ту нагзошт порсо дар Порс,
Яке манам, ки надонам, намоз чун бастам.

Намоз кардаму аз бехудӣ надонистам,
Ки дар хаёли ту ақди намоз чун бастам.

Намози маст шариат раво намедорад,
Намози ман кӣ пазирад, ки рӯзу шаб мастам?

Чунин ки дасти хаёлат гирифт домани ман,
Чӣ будӣ, ар бирасидӣ ба доманат дастам?!

Ман аз куҷову таманнои васли ту зи куҷо?
Агарчи оби ҳаётӣ, ҳалоки худ ҷустам.

Агар хилофи ту будаст дар дилам ҳама умр,
На нек рафт, хато кардаму надонистам.

Бикуш, чунон ки тавонӣ, ки Саъдӣ он кас нест,
Ки бо вуҷуди ту даъво кунад, ки ман ҳастам.