Ба чӣ кор оядат зи гул табақе

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе,
Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе.
Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,
В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад.

(Эй дӯсти азиз,) чаро ту ба сабади гуле (ки ҷовидонӣ нест ва пас аз чанд рӯзе хазон мешавад, чунин) дил бастаӣ ва ту аз ин чӣ сӯд мебинӣ? Агар хоҳони гулҳои ҷовидону бехазон бошӣ, аз китоби «Гулистон»-и ман варақе барчин (аз он насиҳате ё шеъру ҳикояте биёмӯз.) (Зеро, зебоиву шукуфоии) гул ҳамагӣ панҷ ё шаш рӯз давом мекунад (ва сипас хазон мешавад), вале «Гулистон»-и ман китобе ҳамешабаҳору бехазон аст.