Ба ҳаққи он, ки дар ин дил ба ҷуз валои ту нест

153

Ба ҳаққи он, ки дар ин дил ба ҷуз валои ту нест,
Валии ӯ нашавам, к — ӯ зи авлиёи ту нест!

Мабод ҷонам бе ғам, агар фидои ту нест,
Мабод чашмам равшан, агар сақои ту нест!

Вафо мабод умедам, агар ба ғайри ту аст,
Хароб бод вуҷудам, агар барои ту нест!

Кадом ҳусну ҷамоле, ки он на акси ту аст?!
Кадом шоҳу гадое, ки ӯ гадои ту нест?!

Ризо мадиҳ, ки дилам коми душманон гардад,
Бибин, ки номи дили ман ба ҷуз ризои ту нест!

Қазо натонам кардан даме, ки бе ту гузашт,
Вале чи чора, ки мақдур ҷуз қазои ту нест!

Дило, бибоз ту ҷонро бар ӯ, чи меларзӣ?!
Бирав, маларз, фидо кун, чи шуд?! Худои ту нест?!

Маларз бар худ, то бар ту дигарон ларзанд,
Ба ҷони ту, ки туро душмане варои ту нест!