Ба ҳусни дилбари ман ҳеч дарнамеояд

276

Ба ҳусни дилбари ман ҳеч дарнамеояд,
Ҷуз ин дақиқа1, ки бо дӯстон намепояд2.

Ҳаловатест лаби лаъли обдорашро,
Ки дар ҳадис наёяд, чу дар ҳадис ояд.

Зи чашми ғамзада хун меравад ба ҳасрати он,
Ки ӯ ба гӯшаи чашм илтифот фармояд.

Биё, ки дам ба дамат ёд меравад, ҳарчанд
Ки ёди об ба ҷуз ташнагӣ наяфзояд.

Умедвори ту ҷамъе, ки рӯй бинмоӣ,
Агарчи фитна нашояд, ки рӯй бинмояд.

Нахуст хунам, агар меравӣ ба қатл, бирез,
Ки гар нарезӣ, аз дидаам биполояд.

Ба интизори ту обе, ки меравад аз чашм,
Ба оби чашм намонад, ки чашма мезояд.

Кунанд ҳар касе аз ҳазратат таманное,
Хилофи ҳиммати ман, к-аз туам ту мебояд.

Шакар ба дасти турушрӯй ходимам мафирист,
В-агар ба дасти худам заҳр медиҳӣ, шояд.

Ту ҳамчу Каъба азиз уфтодаӣ дар асл,
Ки ҳар кӣ васли ту хоҳад, ҷаҳон бипаймояд.

Ман он қиёс накардам, ки зӯри бозуи ишқ
Инони ақл зи дасти ҳаким бирбояд.

Нагуфтамат, ки ба туркон назар макун, Саъдӣ?
Чу тарки турк нагуфтӣ, таҳаммулат бояд.

Дари сарой дар ин шаҳр, агар касе хоҳад,
Ки рӯи хуб набинад, ба гил барандояд3.


1 Нукта.
2 Вафо намекунад.
3 Масдуд созад.