Ба ҷони пири хароботу ҳаққи суҳбати ӯ

405

Ба ҷони пири хароботу ҳаққи суҳбати ӯ,
Ки нест дар сари ман ҷуз ҳавои хидмати ӯ.

Биҳишт агарчи на ҷойи гуноҳкорон аст,
Биёр бода, ки мустазҳарам ба ҳиммати ӯ.

Чароғи соиқаи он саҳоб равшан бод,
Ки зад ба хирмани ман оташи муҳаббати ӯ.

Бар остонаи майхона гар саре бинӣ,
Мазан ба пой, ки маълум нест нийяти ӯ.

Биёр бода, ки дӯшам Суруши олами ғайб
Навид дод, ки ом аст файзи раҳмати ӯ.

Макун ба чашми ҳақорат нигоҳ дар мани маст,
Ки нест маъсияту зуҳд бе машийяти ӯ.

Намекунад дили мо майли зуҳду тавба, вале
Ба номи хоҷа бикӯшему фарри давлати ӯ.

Мудом хирқаи Ҳофиз ба бода дар гарав аст,
Магар зи хоки харобот буд тинати ӯ?!