Ба ҷони ӯ, ки гарам дастрас ба ҷон будӣ

442

Ба ҷони ӯ, ки гарам дастрас ба ҷон будӣ,
Камина пешкаши бандагонаш он будӣ!

Бигуфтаме, ки баҳо чист хоки пояшро,
Агар ҳаёти гаронмоя ҷовидон будӣ!

Ба бандагии қадаш сарв муътариф гаштӣ,
Гараш чу савсани озода даҳзабон будӣ.

Ба хоб низ намебинамаш, чӣ ҷои висол,
Чу ин набуду надидем, боре он будӣ!

Агар дилам нашудӣ пойбанди турраи ӯ,
Каяш қарор дар ин тира хокдон будӣ?

Ба рух чу меҳри фалак беназири офоқ аст,
Ба дил, дареғ, ки як зарра меҳрубон будӣ.

Даромадӣ зи дарам кошкӣ чу ламъаи нур,
Ки бар ду дидаи мо ҳукми ӯ равон будӣ!

Зи парда нолаи Ҳофиз бурун кай афтодӣ,
Агар на ҳамдами мурғони субҳхон будӣ?