Бегоҳ шуд, бегоҳ шуд, хуршед андар чоҳ шуд

177

Бегоҳ шуд, бегоҳ шуд, хуршед андар чоҳ шуд,
Хезед, ай хуштолиъон, вақти тулӯъи моҳ шуд!

Соқӣ, ба сӯйи ҷом рав, ай посбон, бар бом рав,
Ай ҷони беором, рав, к — он ёр хилватхоҳ шуд!

Ашке, ки чашм афрӯхтӣ, сабре, ки хирман сӯхтӣ,
Ашке, ки роҳ омӯхтӣ, дар нимшаб гумроҳ шуд!

Ҷонҳои ботинравшанон шабро ба дил равшанкунон,
Ҳиндуи шаб наъразанон, к — он турк дар хиргоҳ шуд!

Бошад, зи бозиҳои хуш байзақ равад, фарзин шавад,
Дар сояи фаррухрухе байзақ бирафту шоҳ шуд!

Шаб рӯҳҳо восил шавад, мақсудҳо ҳосил шавад,
Чун рӯз равшандил шавад, ҳар к-ӯ зи шаб огоҳ шуд!

Ай рӯз, чун ҳашрӣ магар в-ай шаб, шаби қадрӣ магар?!
Ё чун дарахти Мӯсиӣ, к-ӯ мазҳари Аллоҳ шуд?!

Шаб моҳ хирман мекунад, ай рӯз, зин бар гов ниҳ,
Бингар, ки Роҳи Каҳкашон аз Сунбула пуркоҳ шуд!

Дар чоҳи шаб ғофил машав, дар далви гардун даст зан,
Юсуф гирифт он далвро, аз чоҳ сӯйи ҷоҳ шуд!

Дар тирашаб чун Мустафо мерав, талаб мекун сафо,
К-он шаҳ зи миъроҷи шабе бемислу беашбоҳ шуд!

Хомӯш шуд олам ба шаб, то чуст бошӣ дар талаб,
Зеро ки бонгу арбада ташвиши хилватгоҳ шуд!

Ай Шамси Табрезӣ, ки ту аз пардаи шаб фориғӣ,
Лошарқиву лоғарбийӣ, акнун сухан кӯтоҳ шуд!