Бетамаъӣ

То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ1
Дар ҳастию нестӣ2 лаиманд3?
Чун ту тамаъ4 аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд5.

ВАЗН: ҳазаҷи мусаддаси ахраби маҳбузи маҳзуф (мафъӯлу мафоилун фаӯлун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: лаим, карим.

РАДИФ: анд.

Луғат:

1. Гетӣ: дунё.

2. Ҳастию нестӣ: дороию нодорӣ.

3. Лаим: нокас, паст, хасис, сифла.

4. Тамаъ: бо ҳирс ба чизе чашм дӯхтан, ҳирс, оз, чашмдошт, умед.

5. Карим: саховатманд, ҷавонмард.

Маънии қитъа: То кай айб меҷӯиву мегӯӣ, ки мардуми ҷаҳон чи ҳангоми тавонгарӣ ва чи ҳини тангдастӣ хасису нокас ҳастанд, ту агар ҳирсу тамаъро аз худ дур кунӣ, мебинӣ, ки мардум ҳамагӣ саховатманду ҷавонмарданд.