Бе рӯи туам ҳаст малоле, ки мапурс

Бе рӯи туам ҳаст малоле, ки мапурс,
В-аз зиндагии худ инфиоле, ки мапурс.
Ҳар лаҳза чӣ пурсӣ, ки бигӯ, ҳоли ту чист?
Дур аз ту фитодаам ба ҳоле, ки мапурс!