Бе ту, эй сарви равон, бо гулу гулшан чӣ кунам?

345

Бе ту, эй сарви равон, бо гулу гулшан чӣ кунам?
Зулфи сунбул чӣ кашам, орази савсан чӣ кунам?

Оҳ, к-аз таънаи бадхоҳ надидам рӯят,
Нест чун оинаам, рӯй зи оҳан чӣ кунам?

Бирав, эй носиҳу бар дурдкашон хурда магир,
Корфармои қадар мекунад ин, ман чӣ кунам?

Барқи ғайрат чу чунин меҷаҳад аз макмани ғайб,
Ту бифармо, ки мани сӯхтахирман чӣ кунам?

Шоҳи туркон чу писандиду ба чоҳам андохт,
Дастгир ар нашавад лутфи Таҳамтан, чӣ кунам?

Мададе гар ба чароғе накунад оташи Тур,
Чораи тирашабу водии Айман чӣ кунам?

Ҳофизо, хулди барин хонаи мавруси ман аст,
Андар ин манзили вайрона нишеман чӣ кунам?