Бе ҷамолат савти мутриб мояи дарду ғам аст

Бе ҷамолат савти мутриб мояи дарду ғам аст,
Бе рухи гул нағмаи булбул нафири мотам аст.

Кай ба қонуни тараб гардад маро оҳанг рост,
Инчунин к-аз бори дил чун чанг пушти ман хам аст,

Бар рухат х(в)ай ҳаст акси қатраҳои ашки ман,
Ё чакида бар суман борону бар гул шабнам аст.

Дарди ҳиҷронро набошад нисбате бо ранҷи марг,
Дарди ҳиҷрон рӯзгорон, ранҷи мурдан як дам аст.

Ҳар табиберо, ки пурсидам илоҷи ишқ, гуфт:
– Дарди ошиқ бемудавво, доғи ӯ бемаҳрам аст.

Хонаамро сақф – ғам, девор – меҳнат, дар – балост,
Кас чунин хона надида то бинои олам аст.

Ошиқон бисёр дорӣ гарчи, Ҷомӣ аз ҳама
Кам бувад дар доми ту, чун ӯ гирифторе кам аст.