Бигзашту бозам оташ дар хирмани сукун зад

186

Бигзашту бозам оташ дар хирмани сукун зад,
Дарёи оташинам дар дида мавҷи хун зад.

Худ карда буд ғорат ишқаш ҳаволии дил,
Бозам ба як шабехун бар мулки андарун зад.

Дидори дилфурӯзаш дар поям арғавон рехт,
Гуфтори ҷонфазояш дар гӯшам арғанун1 зад.

Девонагони худро мебаст дар салосил2,
Ҳар ҷо ки оқиле буд, ин ҷо дам аз ҷунун зад.

Ё Раб, диле ки дар вай парвои худ нагунҷад,
Дасти муҳаббат он ҷо хиргоҳи ишқ чун зад?

Ғулғул фиканд рӯҳам дар гулшани малоик,
Ҳар гаҳ ки санги оҳе бар тоқи обгун3 зад.

Саъдӣ, зи худ бурун шав, гар марди роҳи ишқӣ,
К-он кас расид дар вай, к-аз худ қадам бурун зад.


1 Номи созест бодӣ.
2 Занҷирҳо.
3 Сипеҳри нилгун.