Бигрифт кори ҳуснат чун ишқи ман камоле

464

Бигрифт кори ҳуснат чун ишқи ман камоле,
Хуб бош, з-он ки набвад ин ҳар дуро заволе.

Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл
Ояд ба ҳеч маънӣ з-ин хубтар мисоле.

Шуд хатти умр ҳосил, гар з-он ки бо ту моро
Ҳаргиз ба умр рӯзе рӯзӣ шавад висоле.

Он дам, ки бо ту бошам, як сол ҳаст рӯзе,
В-он дам, ки бе ту бошам як лаҳза ҳаст соле.

Ман чун хаёли рӯят, ҷоно, ба хоб бинам,
К-аз хоб менабинад чашмам ба ҷуз хаёле.

Раҳм ор бар дили ман, к-аз меҳри рӯйи хубат
Шуд шахси нотавонам борик чун ҳилоле.

Ҳофиз, макун шикоят, гар васли дӯст хоҳӣ,
З-ин бештар бибояд бар ҳаҷрат эҳтимоле.