Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст?!

93

Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст?!
Дигаргун гаштайӣ боз, ин чи шева-ст?

Аҷаб, ай турки хушранг, ин чи ранг аст?!
Аҷаб, ай чашми ғаммоз, ин чи шева-ст?!

Дигар бор ин чи дом асту чи дона-ст?!
Ки моро куштӣ аз ноз, ин чи шева-ст?!

Даридӣ пардаи мо, ин чи парда-ст?!
Яке парда барандоз, ин чи шева-ст?!

Манам он куҳнаишқе, ки дигар бор
Гирифтам ишқ аз оғоз, ин чи шева-ст?!

Мусалмонон, шумо ин шӯр бинед,
Ки мислаш нест ҳанбоз, ин чи шева-ст?!

Шаробу ишқу рангам ҳар се ғаммоз,
Яке пинҳон се ғаммоз, ин чи шева-ст?!