Бикун, чандон ки хоҳӣ, ҷавр бар ман

443

Бикун, чандон ки хоҳӣ, ҷавр бар ман,
Ки дастат барнамедорам зи доман.

Чунон мурғи диламро сайд кардӣ,
Ки бозаш дил намехоҳад нишеман.

Агар донӣ, ки дар занҷири зулфат
Гирифтор аст, дар пояш маяфкан!

Ба ҳусни қоматат сарве дар офоқ
Напиндорам, ки бошад, ғолибуззан1.

Ало, эй боғбон, ин сарв биншон,
В-агар соҳибдилӣ, он сарв баркан.

Ҷаҳон равшан ба моҳу офтоб аст,
Ҷаҳони мо ба дидори ту равшан.

Ту бе зевар муҳаллоию бе рахт,
Музаккоию бе зинат музайян.

Шабе хоҳам, ки меҳмони ман оӣ,
Ба коми дӯстону рағми душман.

Гурӯҳе омро, к-аз дил хабар нест,
Аҷаб доранд аз оҳи синаи ман.

Чу оташ дар сарой афтода бошад,
Аҷаб дорӣ, ки дуд ояд зи равзан.

Туро худ ҳар кӣ бинад, дӯст дорад,
Гуноҳе нест бар Саъдӣ муайян.


1 Ба ҳадсу гумони қавӣ.