Бимонад солҳо ин назму тартиб

Бимонад солҳо ин назму тартиб,
Зӣ мо ҳар зарра хок уфтода ҷое.

Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад,
Ки гетиро намебинам бақое.

Магар соҳибдиле рӯзе ба раҳмат,
Кунад дар кори дарвешон дуое.

Солҳо мегузаранд ва (худи ман аз дунё меравам ва) боди айём зарраҳои хоки маро ба ҳар сӯ пароканда менамояд, вале китоби «Гулистон» бо ин назму тартибе, ки дорад, пас аз ман солҳою асрҳо боқӣ мемонад.

Мақсад (аз навиштани китоб) он буд, аз мо низ барои мардум нақше ва ёдгоре боқӣ монад, зеро ҳаёти дунёро бисёр кӯтоҳ ва гузаранда мебинам.

Ва ҳамин қадар умед дорам, ки (шояд пас аз сари мо ба воситаи хондани ин китоб) шахси бомаърифате (аз он истифодаи маънавӣ намояд) ва дар ҳаққи мани дарвеш дуои хайре кунаду барои мо аз даргоҳи Худованд раҳмат талабад.