Бинмой рух, ки матлаи субҳи сафост ин

Бинмой рух, ки матлаи субҳи сафост ин,
Ойинаи ҷамолнамои Худост ин.

Кардам басе туфайли сагон бар дари ту ҷой,
Ҳаргиз нагуфтиям чӣ кас аст, аз куҷост ин?

Бар сина мезадам зи ғамат санг, ҳар кӣ дид,
Гуфто: – Ба ишқи сангдиле мубталост ин!

Ҳаргиз накардӣ аз лаби худ коми ман раво,
Ай бевафо, ба шаръи вафо кай равост ин?

Зулфи дутост пеши рухат, гуфтаӣ ниқоб,
Зулфи дуто магӯй, ки доми балост ин!

Бегонавор мегузарӣ бар гадои хеш,
Охир на бо сагони дарат ошност ин?

Мезад рақиб таъна ба Ҷомӣ, саги ту гуфт:
– Ҳеҷаш магӯ, ки ҳамдами дерини мост ин!