Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро

Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро,
Зи лолаорази вай ҷом тоза шуд моро.

Куҷост соқии гулрух, ки ранги лола диҳад,
Ба базми гул зи майи лаъл ҷоми миноро.

Аз он мае, ки фурӯғаш агар расад ба Суҳайл,
Ақиқи ноб кунад субҳаи Сурайёро!

Ба тарфи боғ неҳ имрӯз базми айш, ки ҳаст
Таронаҳои аҷаб булбулони шайдоро!

Майи мураввақу фасли баҳору савти ҳазор,
Куҷо ба тавба шавад майл табъи доноро?!

Димоғи ақл зи фикри замона савдоист,
Пиёлае ду-се дардеҳ илоҷи савдоро!

Ба бода вақти худ имрӯз сарф кун, Ҷомӣ,
Гузор бо карами дӯст кори фардоро!