Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме

597

Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме,
Сӯфӣ нашавад софӣ, то дарнакашад ҷоме.

Гар пири муноҷот аст, в-ар ринди хароботӣ,
Ҳар кас қаламе рафтаст бар вай ба саранҷоме.

Фардо, ки халоиқро девони ҷазо бошад,
Ҳар кас амале дорад, ман чашм ба инъоме.

Эй булбул, агар нолӣ, ман бо ту ҳамовозам,
Ту ишқи гуле дорӣ, ман ишқи гуландоме.

Сарве ба лаби ҷӯе, гӯянд, чӣ хуш бошад,
Онон ки надидастанд сарве ба лаби боме.

Рӯзе тани ман бинӣ қурбони сари кӯяш,
В-ин ид намебошад, илло ба ҳар айёме.

Эй дар дили реши ман меҳрат чу равон дар тан,
Охир, зи дуогӯе ёд ор ба дашноме.

Бошад, ки ту худ рӯзе аз мо хабаре пурсӣ,
В-арна, кӣ барад, ҳайҳот, аз мо ба ту пайғоме?

Гарчи шаби муштоқон торик бувад, аммо
Навмед набояд буд аз равшании боме.

Саъдӣ, ба лаби дарё дурдона куҷо ёбӣ?
Дар коми наҳангон рав, гар металабӣ коме.