Биёву зи лаб лаъли ҷомам бигардон

Биёву зи лаб лаъли ҷомам бигардон,
Дил аз бодаи лаълфомам бигардон.

Ба кӯйи худам хону рӯйи иродат
Зи эҳроми байтулҳаромам1 бигардон.

Сагам ном кардӣ в-арам фахр набвад
Бад-ин номи фархунда, номам бигардон!

Алайк ар нагӯйӣ, ба дашноме охир,
Забон дар ҷавоби саломам бигардон!

Ниҳон соз дар остин сими соид,
Дарун аз тамаъҳои хомам бигардон.

Кашад маҳмилам бахт аз он кӯю ҷонам
Хурӯшон, к-аз ин раҳ зимомам бигардон.

Чу бо лутфи оми худам хос кардӣ,
Чу Ҷомӣ рух аз хосу омам бигардон.


1 Байтулҳаром (Байтулҳарам) – хонаи Каъба.