Биёву киштии мо дар шати шароб андоз

263

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

Маро ба киштии бода дарафкан, эй соқӣ,
Ки гуфтаанд: «Накӯйӣ куну дар об андоз».

Зи кӯйи майкада баргаштаам, зи роҳи хато
Маро дигар зи карам бо раҳи савоб андоз.

Биёр з-он майи гулранги мушкбӯ ҷоме,
Шарори рашку ҳасад дар дили гулоб андоз.

Агарчи масту харобам, ту низ лутфе кун,
Назар бар ин дили саргаштаи хароб андоз.

Ба ними шаб агарат офтоб мебояд,
Зи рӯйи духтари гулчеҳри раз ниқоб андоз.

Маҳил, ки рӯзи вафотам ба хок биспоранд,
Маро ба майкада бар, дар хуми шароб андоз.

Зи ҷаври чарх чу Ҳофиз ба ҷон расид дилат,
Ба сӯйи деви миҳан новаки шаҳоб андоз.