Биё, ай орзуи ҷони ошиқ

Биё, ай орзуи ҷони ошиқ,
Давои дарди бедармони ошиқ.

Киромалкотибин нанвишта ҳарфе
Ба ҷуз ишқи ту дар девони ошиқ.

Агар фардо на дидори ту бошад,
Шавад боғи ҷаҳон зиндони ошиқ.

Ҳазорон Нӯҳро карда-ст ғарқа
Ба гирдоби фано тӯфони ошиқ.

Ба кунҷи фақру кӯйи номуродӣ
Агар як шаб шавӣ меҳмони ошиқ,

Кабоб аз дил, шароб аз дида бинӣ
Муҳайё сохта бар хони ошиқ.

Ба ҷуз хуни ҷигар ҳаргиз муроде
Ғамат нанҳод дар домони ошиқ.

Ба хоки куштагон он нест лола,
Алам зад оташи пинҳони ошиқ.

Бибин назми хуши Ҷомӣ, ки нашкуфт
Чунин гул ҳаргиз аз бустони ошиқ.