Биё, ай ҷони нав дода ҷаҳонро

22

Биё, ай ҷони нав дода ҷаҳонро,
Бибар аз кор ақли кордонро!

Чу тирам, то напарронӣ, напаррам,
Биё, бори дигар пур кун камонро!

Зи ишқат боз ташт аз бом афтод,
Фирист аз бом боз он нардбонро!

Маро гӯянд: «Бомаш аз чӣ сӯй аст?»
Аз он сӯйе, ки оварданд ҷонро!

Аз он сӯйе, ки ҳар шаб ҷон равон аст,
Ба савқат субҳ боз орад равонро!

Аз он сӯ, ки баҳор ояд заминро,
Чароғи нав диҳад субҳ осмонро!

Аз он сӯ, ки асойе аждаҳо шуд,
Ба дӯзах бурд ӯ фиръавниёнро!

Аз он сӯ, ки туро ин ҷустуҷӯ хост,
Нишон худ ӯст, меҷӯяд нишонро!

Ту он мардӣ, ки ӯ бар хар нишастаст,
Ҳамепурсад зи хар инрову онро!

Хамуш кун, к-ӯ намехоҳад зи ғайрат,
Ки дар дарё дарорад ҳамгинонро!