Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст

109

Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст,
Бигӯй, агар гунаҳе рафту гар хатое ҳаст.

Раво бувад, ки чунин беҳисоб дил бибарӣ?
Макун, ки мазлимаи1 халқро ҷазое ҳаст.

Тавонгаронро айбе набошад, ар вақте
Назар кунанд, ки дар кӯи мо гадое ҳаст.

Ба коми душману бегона рафт чандин рӯз,
Зи дӯстон нашунидам, ки ошное ҳаст.

Касе намонд, ки бар дарди ман бибахшояд,
Касе нагуфт, ки берун аз ин давое ҳаст.

Ҳазор навбат агар хотирам бишӯронӣ,
Аз ин тараф ки манам, ҳамчунон сафое ҳаст.

Ба дуди оташи мохулиё2 димоғ бисӯхт,
Ҳанӯз ҷаҳли мусаввар, ки кимиёе ҳаст.

Ба коми дил нарасидему ҷон ба ҳалқ расид,
В-агар ба ком расад, ҳамчунон раҷое ҳаст.

Ба ҷони дӯст, ки дар эътиқоди Саъдӣ нест,
Ки дар ҷаҳон ба ҷуз аз кӯи дӯст ҷое ҳаст.


1 Зулму ситаме, ки бар касе раво доранд, додхоҳӣ.
2 Фикри беҳуда, хаёли хом, навъе ҷунун.