Биё, биё, ки садои дирову бонги ҳудо

Биё, биё, ки садои дирову бонги ҳудо1
Ҳамедиҳад хабар аз қурби ҳавдаҷи2 Лайло.

Биё, биё, ки агар бо ту ними ҷоне ҳаст,
Ба пеши ҳавдаҷи Лайлӣ нисори он авло!

Ба ғайри ишқ маро нест даъвие ба ҷаҳон,
Худо гувост, ки ман содиқам дар ин даъво.

Ҷамоли ёр дар ағёр кай тавонӣ дид,
Накарда чашми шуҳуд аз ғубори ғайр ҷило?

Сафои машраби риндон чӣ суд зоҳидро?
Наёфт баҳра зи миръот дидаи аъмо!

Самои қавли аласт аз худам чунон бирабуд,
Ки боз менашиносам аластро зи бало.

Зи завқи ишқ чу холӣ бувад сухан, Ҷомӣ,
Чӣ суди ҷавдати3 лафзу ғаробати маъно?!


1 Ҳудо – суруди ронандаи корвон.
2 Ҳавдаҷ – тахти равон, каҷовае, ки ба асб ё шутур баста ба дарунаш нишаста сафар мекунанд.
3 Ҷавдат – некӣ, хубӣ; фазилат, бартарӣ.