Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту

484

Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту,
Биё, бибин, ки дар ин ғам чӣ нох(в)ашам бе ту.

Шаб аз фироқи ту менолам, эй парирухсор,
Чу рӯз гардад, гӯӣ дар оташам бе ту.

Даме ту шарбати васлам надодаӣ, ҷоно,
Ҳамеша заҳри фироқат ҳамечашам бе ту.

Агар ту бо мани мискин чунин кунӣ, ҷоно,
Ду поям аз ду ҷаҳон низ даркашам бе ту.

Паём додаму гуфтам, биё, хушам медор,
Ҷавоб додию гуфтӣ, ки ман х(в)ашам бе ту.