Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид

242

Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид,
Навиди фатҳу башорат ба меҳру моҳ расид.

Ҷамоли бахт зи рӯйи зафар ниқоб андохт,
Камоли адл ба фарёди додхоҳ расид.

Сипеҳр даври хуш акнун кунад, ки моҳ омад,
Ҷаҳон ба коми дил акнун расад, ки шоҳ расид.

Зи қотиъони тариқ ин замон шаванд эмин
Қавофили дилу дониш, ки марди роҳ расид.

Азизи Миср ба рағми бародарони ғаюр
Зи қаъри чоҳ баромад, ба авҷи моҳ расид.

Куҷост сӯфии даҷҷолфеъли мулҳидшакл,
Бигӯ, бисӯз, ки Маҳдии динпаноҳ расид.

Сабо, бигӯ, ки чиҳо бар сарам дар ин ғами ишқ
Зи оташи дили сӯзону дуди оҳ расид.

Зи шавқи рӯйи ту, шоҳо, бад-ин асири фироқ
Ҳамон расид, к-аз оташ ба барги коҳ расид.

Марав ба хоб, ки Ҳофиз ба боргоҳи қабул
Зи вирди нимишабу дарси субҳгоҳ расид.